"New York Times": Гулнора Каримова зинда нест
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i32362-new_york_times_Гулнора_Каримова_зинда_нест
Нашрияи амрикоии Ню Йорк Таймз (The New York Times) ба тозагӣ муддаӣ шудааст, ба эътиқоди бештари мардум, Гулнора Каримова, фарзанди бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон мурдааст ва шавоҳиде, ки зинда будани ӯро таъйид кунад, вуҷуд надорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 08, 2018 11:46 Asia/Dushanbe

Нашрияи амрикоии Ню Йорк Таймз (The New York Times) ба тозагӣ муддаӣ шудааст, ба эътиқоди бештари мардум, Гулнора Каримова, фарзанди бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон мурдааст ва шавоҳиде, ки зинда будани ӯро таъйид кунад, вуҷуд надорад.

Ин нашрияи амрикоӣ дар матлабе бо унвони Гугуш (номи мустаори Гулнора) шоҳдухтари гумшуда аз Узбакистон, куҷост? овардааст, инак чанд соле аст, ки ҳеҷ иттилое мувассақе аз сарнавишти Гулнора Каримова вуҷуд надорад.

Духтари раисиҷумҳури пешини Узбакистон ҳанӯз ба марқади падараш нарфта ва танҳо узви хонаводаи Каримов аст, ки на дар маросими дафни падараш ва на дар ҳеҷ як аз маросимҳои фотиҳахонии вай ширкат накардааст.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии дидабони ҳуқуқи башар ба Ню-Йорк Таймз гуфтааст, Мансур Мақсудӣ, ҳамсари пешини Гулнора ба думболи равшан шудани сарнавишти ӯ аст.

Мансур Мақсудӣ, амрикоии афғонтаборе аст, ки аз издивоҷ бо Гулнора ду фарзанд дорад ва дар соли 2002 аз вай ҷудо шуд.

Писар онҳо, ки номи падарбузургаш Исломро бар ӯ гузоштаанд, ахиран дар Англия басар мебарад ва аз ин кишвар ҳаққи паноҳндагӣ, гирифтааст.