Фишори корӣ: Сабаби аслии бемории коргарони муҳоҷир
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i32414-Фишори_корӣ_Сабаби_аслии_бемории_коргарони_муҳоҷир
Пизишки муолиҷи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мӯътақид аст, ки омили аслии бемориҳои онон фишори корӣ ва изтироб аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 09, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Фишори корӣ: Сабаби аслии бемории коргарони муҳоҷир

Пизишки муолиҷи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мӯътақид аст, ки омили аслии бемориҳои онон фишори корӣ ва изтироб аст.

Ба гузориши “Спутник”, Абдуллоҳ Хоҷаев ин матлабро дар ҳамоиши минтақаии муқобила бо густариши бемории сил миёни коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, дар шаҳри Маскав эълом кардааст.

Вай гуфтааст, ки баррасии мавзӯъи авомили густариши бемории сил миёни коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нишон медиҳад, ки хастагии зиёд, кори пурмашаққати 12 то 14 соата дар рӯз, надоштан мураххасӣ, ғизоҳои номуносиб, тарс аз пулис, ба мавқеъ пардохт нашудани дастмуздҳо ва фишори корфармоён мӯҷиб мубтало шудани коргарони муҳоҷир ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла сил ва гепатит мешавад.

Дар ҳоли ҳозир мизони ҳуқуқ ва дастмуздҳои коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели идомаи буҳрони иқтисодӣ дар Русия поин мебошад, ки бахше аз ин даромад низ бояд ба унвони ҳазинаи муҷаввизи кор ва иқомат ба таври моҳиёна ба давлат пардохт гардад.

Ба гуфтаи Хоҷаев, теъдоде аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон то қабл аз шиддат ёфтани бемории хеш ба пизишкон муроҷиа намекунанд, ки ин масъала мӯҷиби тӯлонӣ шудани раванди дармони онон мешавад.

Дар Русия барои коргарони муҳоҷир аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Евразия барои бимаи дармонӣ имтиёз дода мешавад, аммо Тоҷикистон узви ин ниҳоди ҳамгароии минтақа нест ва ин мушкил ба гирифториҳои тоҷикон дар Русия, афзуда мешавад.