Апрел 09, 2018 14:41 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон моҳи майи 2018 оғоз хоҳад шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, намояндагони вазоратхонаҳои ҳамул нақли Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 13 апрел тавофуқномаи аз саргирии ҳаракати автобусҳо байни ду кишварро имзо хоҳанд кард.

Нрахи билет ва таърифаҳои сафар бо автобус ва барномаи ҳаракати онҳо пас аз имзои ин тавофуқнома, эълом хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндаи ширкати тоҷикистонии ҳамлу нақли «Asian Express» ба эҳтимоли зиёди ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ байни ду кишвар дар панҷ масири Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав ва Тирмиз ба таври муназзам авоили моҳи майи оғоз хоҳанд шуд.

Ин манбаъ афзудааст, автобусҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Тирмиз ва Деҳнав ва аз Панҷакент ба Самарқанд ва аз Хуҷанд ба Тошканд ва Фарғонаи Узбакистон ва баракс рафту омад хоҳанд кард.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, мусофирони ин автобусҳо ҳангоми убур аз марзҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳеҷ мушкиле нахоҳанд дошт.

Мусофирон дар маҳдудаи посгоҳҳои марзӣ аз автобус пиёда ва баъд аз контроли марзӣ ва гумрукӣ ба сафари худ идома хоҳанд дод.

Ҳаракати автобусҳо ва парвозҳои муназзам байни шаҳрҳои Узбакистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 мутаваққиф шуда буд.

Пас аз вақфаи  25 сола дар апрели соли 2017 иртибототи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд барқарор шуд.

Дар моҳи марти 2018 низ режими визо байни Тоҷикистон ва Узбакистон лағв шуд ва шаҳрвандони ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ҳамакнун метавонанд, бидуни виза ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои якдигар рафту омад дошта бошанд.