Апрел 11, 2018 12:13 Asia/Dushanbe
  • Зиндонии фирории тоҷик дар Қирғизистон ҳамчунон дастгир нашудааст

Мақомоти амниятии Қирғизистон ҳанӯз муваффақ ба боздошти ду зиндонии фирорӣ, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст, нашудаанд.

Ба гузориши расонаҳои қирғизӣ, мақомоти Қирғизистон рӯзи сешанбе хабар доданд, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунад, аз зиндон фирор кардааст.

Ин зиндонии тоҷик бо номи Зафарҷон Исматов ба ҳамроҳи зиндонии дигаре ба номи Аскарҷон Буриев, аз кишвари Ӯзбакистон, аз селлули худ дар зиндони шумораи 51-и минтақаи Балиқчии Қирғизистон фирор карда буданд.

Зафарҷон Исматови 38 сола, мутаваллиди ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон, ба иттиҳоми дуздӣ дар Қирғизистон маҳкум ба зиндон шуда буд.

Мақомоти амниятӣ ва интизомии Қирғизистон барои дастгирии зиндониёни фирорӣ дар ҳоли анҷоми амалиёте бо унвони “Перехват” ҳастанд, ки то ба ҳол натиҷабахш набудааст.