Густариши равобити роҳбурдӣ ва тиҷорӣ, меҳвари гуфтугӯи Мирзиёев ва Илҳом Алиев
(last modified Fri, 13 Apr 2018 13:03:24 GMT )
Апрел 13, 2018 18:03 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити роҳбурдӣ ва тиҷорӣ, меҳвари гуфтугӯи Мирзиёев ва Илҳом Алиев

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Илҳом Алиев раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугӯи телефонӣ бар тавсиа ва густариши беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳои роҳбурдӣ таъкид карданд.

Ба гузориши  Форс, дар ин тамоси телефонӣ раисони ҷумҳурии ду кишвар дар мавриди густариши беш аз пеши ҳамкориҳои Узбакистон ва Озарбойҷон ва мавзӯъҳои байналамилалӣ ва минтақаӣ баҳс ва табодули назар карданд.

Раисони ҷумҳурии ду кишвар бар тавсиа ва рушди беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳои роҳбурдии Узбакистон ва Озарбойҷон таъкид карданд.

Ба гуфтаи раисони ҷумҳурии ду кишвар, мубодилоти бозаргонӣ байни Узбакистон ва Озарбойҷон бо суръат афзоиш меёбд, тарҳҳои авлавиятдор дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла нафт ва газ бо мушорикати ширкатҳои бузурги ду кишвар иҷро мешавад.

Дар ин ройзаниҳо таъкид шуд, ки хатти роҳи оҳани ҷадиди Боку-Тифлис- Ахалкалак-Қарс» барои тавсиаи равобити иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва ба кор бурдани зарфияти тамоми минтақа кумак хоҳад кард.

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ин тамоси телефонӣ аз Илҳом Алиев барои сафар ба Узбакистон даъват кард, ки вай низ ин даъватро қабул кард.