Апрел 18, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои муҷрии тарҳи “КАСА -1000” дар Дубай мушаххас шуданд

Иҷлоси намояндагони кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда дар тарҳи интиқоли барқи “КАСА- 1000” ба манзури баррасии пешниҳодоти ширкатҳои хоҳишманди сохти хатти “КАСА-1000” дар марҳилаи дувуми озмуни муноқиса (арзонхарӣ)-и ин тарҳи энержии минтақаӣ дар шаҳри Дубай баргузор шуд.

Ба гузориши сайти тарҳи “КАСА-1000”, дар ин озмун пешниҳодоти ширкатҳои хоҳишманди мушорикат дар муноқисаи байналмилалии сохти истгоҳҳои барқи фишорқавӣ барои интиқоли барқ аз ду нерӯгоҳи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда- 2” дар ҷануби Тоҷикистон ба Навшаҳри Покистон, бо истифода аз қаламрави Афғонистон баррасӣ шуд.

Дабирхонаи тарҳи сохти хатти “КАСА-1000” эълом кардааст, дар сурати мутобиқати пешниҳодоти ширкатҳои мутақозии мушорикат дар сохти ин тарҳи энержӣ бо буҷети ироашуда аз сӯйи ниҳодҳои молии байналмилалӣ, исми барандагони ин муноқиса мунташир хоҳад шуд.

Хатти “КАСА-1000” заминаи интиқоли барқи изофии тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли гарморо ба Афғонистон ва Покистон фароҳам хоҳад кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хаттт “КАСА-1000” ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Маблағи зарурии сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар мебошад.