Апрел 18, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти ҳамоҳанги падофанди ҳавоии кишварҳои Ҳамсуд

Нишасти ҳамоҳангии падофанди ҳавоии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд.  

Ба нақл аз Узбакистон Уза, вазирони дифои 10 узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Тошканд гирдиҳам омаданд, то раванди эҳё ва тавсеаи системаҳои падофанди худро баррасӣ ва дар бораи ояндаи он тасмимгирӣ кунанд.  

Роҳандозии як системаи якпорчаи падофанд барои кишварҳои узв ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи падофандӣ, роҳандозии маркази фармондеҳӣ аз меҳварҳои аслии Нишасти ҳамоҳангии падофанди ҳавоии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тошканд ба шумор меравад.

Русия, Беларус, Украина, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақиланд.