Апрел 19, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи Толибон дар шимоли Афғонистон ва марзҳои Осиёи Марказӣ савдои ДИИШ

Коршиноси аршади маркази омӯзишҳои масоили Афғонистони муосир дар Русия муътақид аст, гурӯҳи террористии ДИИШ ба марзҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон наздик мешавад.  

Ба нақл аз Спутник, Андрей Серенко гуфт, онҳо бо тасарруфи манотиқи таҳти ишғоли Толибон дар шимоли Афғонистон, ба ин кишварҳо наздик мешаванд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ манбае наметавонд теъдоди дақиқи аъзои ДИИШ дар шимоли Афғонистонро мушаххас кунад, ба ҳамин хотир манобеи мухталиф теъдоди ин афродро байни ҳазору 500 то 10 ҳазор нафар тахмин мезананд.  

Аммо дар ин нукта тардиде нест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нақшаи ҷуғрофиёи мавриди назари сарони ДИИШ, манотиқи мавриди иддаои ин гурӯҳи такфирӣ аст.  

Роҳкори феълии сарони ДИИШ дар Афғонистон ин аст, ки бо ҷазби аносури вобаста ба соири гурӯҳҳо аз ҷумла Толибон, худро қавитар кунад, то аз тавони муқобила бо Толибон ва нерӯҳои давлати Афғонистон бархурдор шавад.