Апрел 19, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Суқути давлати Қирғизистон ва барканории нахуствазир

Раисиҷумҳури Қирғизистон бино ба дархости парлумони ин кишвар ҳукми барканории Сафар Исҳоқов, нахуствазири ин кишварро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории “Райтерз”, Сооронбай Ҷеенбеков бино ба дархости парлумони Қирғизистон, нахуствазири ин кишварро барканор кард.

Парлумони Қирғизистон имрӯз ба давлати Исҳоқов раъйи адами эътимод дода буд.

Тибқи Қонуни асосии Қирғизистон дар сурати раъйи эътимод нагирифтани давлат аз парлумон, тасмимгирии ниҳоӣ дар бораи мондан ё мунҳал шудани кобина бар ӯҳдаи раисиҷумҳур аст.

Парлумони Қирғизистон ба далели норизоӣ аз амалкарди солонаи давлати ин кишвар дар сол 2017, бо аксарияти оро (101 раъйи мусбат аз 112 раъй) бо пас гирифтани эътимод аз давлати ин кишвар, мувофиқат кард.

Давлати Сафар Исҳоқов сентябри гузашта шурӯъ ба кор карда буд ва ин аввалин бор дар таърихи Қирғизистон аст, ки парлумон аз давлати салби эътимод мекунад.

 

Барчасп