Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Самарқанди Узбакистон
Апрел 21, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Тоҷикистон аз рӯзи ҷумъа дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дорад.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душане, ба манзури ширкат дар ин маросими фарҳангӣ ҳайъате ташкил шуда аз ҳунармандон, олимон ва нависандагон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва маҳалии вилояти Суғди Тоҷикистон ба Самарқанд сафар карданд.
Интизор меравад дар ин рӯзҳо маросими мухталифе бо ширкати ҳунармандони суғдӣ, ҷаласаҳо бо ҳузури нависандагон ва ҳамчунин ҳамоиши тиҷории минтақаҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шавад.
Дар чорчуби баргузории рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ҳамчунин бозии дустона миёни тимҳои футболи шаҳри Хуҷанд ва Диному-и Самарқанд баргузор мешавад.