Имзои 16 санади ҳамкорӣ дар сафари Бердимуҳаммадов ба Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i33160-Имзои_16_санади_ҳамкорӣ_дар_сафари_Бердимуҳаммадов_ба_Узбакистон
Раисони ҷумҳури Туркманистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Имзои 16 санади ҳамкорӣ дар сафари Бердимуҳаммадов ба Узбакистон

Раисони ҷумҳури Туркманистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд.  

Ба нақл аз Форс, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар дидор бо Шавкат Мирзиёев гуфт, ин санадҳо дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ имзо шуд.

Раисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин сафари худ ба Тошкандро як сафари таърихӣ донист ва таъкид кард, масъалаи ҳаллнашудае байн ду кишвар вуҷуд надорад.  

Шавкат Мирзиёев низ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар таъкид кард.