Ҳамоиши байналмилалии сиёсати иҷтимоии Узбакистон дар Тошканд
(last modified Thu, 26 Apr 2018 14:38:19 GMT )
Апрел 26, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии сиёсати иҷтимоии Узбакистон дар Тошканд

Ҳамоиши байналмилалии стратегияи иқдомот ва амалкарди байналмилалии Узбакистон, бо ҳадафи ошноии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сиёсати иҷтимоии Узбакистон ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ин кишвар дар Тошканд оғоз шуд.

Ба гузориши хбаргузории “Форс”, Қудратуллоҳ Рафиқов, раиси иттиҳодияҳои синфии Узбакистон дар ин ҳамоиш эълом кард, ислоҳоти густурдаи Шавкат Мирзиёев маъруф ба “стратегияи иқдомот”, абъоди авлавиятдори тавсеаи Узбакистон ва аҳдофи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла сулҳу субот, тавсеаи пойдор ва ҳуқуқи башарро мунъакис мекунад.

Рафиқов ҳамчунин таъкид кард, дар Узбакистон тағйироти бузурге дар заминаи рифоҳи мардум эҷод шуда, марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя боз шуда ва кори иҷборӣ ва мушорикати кӯдакон дар фаъолитҳои кишоварзӣ мутаваққиф шудааст.

Виктор Гришин, коршиноси рус ва раиси Донишгоҳи иқтисоди “Георгий Плеханов” дар ин ҳамоиш, аз гуфтугӯи боз бо мардум ба унвони яке аз ибтикороти раисиҷумҳури Узбакистон ва омили таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ислоҳоти иҷтимоӣ дар ин кишвар ёд кард.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, мақомот ва намояндагони созмонҳо ва ниҳодҳои дипломатии минтақа ва коршиносоне аз 30 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд.