Апрел 27, 2018 21:05 Asia/Dushanbe
  • «Муздур» - амалиёти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 2018

Муовини дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар нишасте аз баргузории амалиёти низомии кишварҳои узви ин созмон таҳти унвони «Муздур» дар соли ҷорӣ хабар дод.

Валерий Семериков муовини дабири кулли Созмон паймони амнияти ҷамъӣ зимни суханоне дар нишасте дар Алмаатои Қазоқистон аз баргузории амалиёти низомӣ таҳти унвони «Муздур» дар қаламрави кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ бо ҳадафи кашфи шаҳрвандони бозгашта аз манотиқи даргирӣ хабар дод.

Вай зимни суханоне дар ин хусус гуфт: Дар ҳоли ҳозир раванди бозгашти ифротиён ба қаламрави кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ афзоиш ёфтааст.

Семериков афзуд: Касоне, ки дар даргириҳои мусаллаҳонаи созмонҳои байналмилалии террористӣ мушорикат доштанд, акнун таҳти пӯшиши муҳоҷирон дар ҳоли бозгашт ба кишварҳои мо ҳастанд.

Ин мақоми Созмони паймони амнияти ҷамъӣ адома дод: Мо қасд дорем ҳамзамон бо баргузории амалиёт «Нелегал» (муҳоҷири ғайриқонунӣ), ки солона дар қаламрави кишварҳои созмони мазкур баргузор мешавад, ҳамчунин амалиёти «Муздур»-ро роҳандозӣ кунем.

Семериков афзуд: Дар ҳоли ҳозир пояи ҳуқуқӣ барои роҳандозии ин амалиёт дар ҳоли таҳия ва омода шудан аст ва тасмими ниҳоӣ дар ин хусус тавассути сарони кишварҳои узви Созмони паймони амният ҷамъӣ гирифта мешавад.