Апрел 27, 2018 21:27 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи ройгони якмоҳа барои гардишгарони хориҷӣ дар Узбакистон

Кумитаи давлатии тавсиаи гардишгарии Узбакистон пешниҳодеро бинобар сабти номи ройгон ба муддати то як моҳ барои шаҳрвандони хориҷӣ матраҳ кард.

Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони хориҷии воридшуда ба Узбакистон дар тули тамоми муддати раводиди вурудӣ 20 доллар пардохт мекунанд.

Шаҳрвандони ИДМ агар барномарезӣ кунанд, дар ин кишвар 7 рӯз ва бештар бимонанд, маблағи 5 доллар пардохт мекунанд.

Агар пешниҳоди кумитаи давлатии тавсиаи гардишгарии Узбакистон ба тасвиб бирасад, сабти номи якмоҳа ба таври ройгон содир хоҳад шуд.

Барномарезӣ шуда ин навоварӣ имкони ҷалби туристҳои бештар ва маҳбубияти Узбакистон дар байни гардишгарони хориҷиро фароҳам кунад.

Яке дигар аз навоварии ҷадид дар ояндаи наздик ба кор бурдани сабти номи интернетии гардишгарон метавонад бошад.

Бар асоси гузориши кумитаи давлатии тавсиаи гардишгари Узбакистон, дар соли 2017 беш аз 2 миллиону 500 ҳазор нафар гардишгар аз Узбакистон боздид кардааст, ки нисбат ба соли қабл 24.3 дарсад бештар мебошад.