Апрел 28, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Минарубӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон ба зудӣ

Бо тавофуқи мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар, қарор шудааст, аз рӯзи аввали моҳи майи соли ҷорӣ кори поксозии манотиқи марзии ин ду кишвари ҳамсоя оғоз шавад.  

Ба нақл аз Спутник, Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон дар оғози соли 2000 ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди муборизони исломгаро аз Афғонистон ва Тоҷикистон, марзи муштараки ҳазору 300 километрии ин кишвар бо Тоҷикистонро мингузорӣ кард.  

Ин иқдом боис шуд, таи ин муддат 800 ғайринизомӣ бар асари бархурд бо минҳо кушта ва захмӣ шаванд.  

Акнун бояд мутахассисони минрубии ду кишвар бо мушаххас кардани майдонҳои минкоришуда дар 52 минтақаи хатарнок бар асоси нақшаҳои мавҷуд дар артиши Узбакистон, заминаи бар чидани 11 ҳазор минро фароҳам созанд.