Апрел 29, 2018 08:43 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазири дифои Русия эълом кард, кишвараш дар ҳоли тақвияти пойгоҳҳои низомии худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, то аз нуфузи террористҳои ДИИШ ҷилавгирӣ кунад.

Саргей Шойгу вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай дар Чин эълом кард, талошҳои аносири ДИИШ барои нуфуз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз роҳи Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, Маскав барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти террористҳои ДИИШ алайҳи муттаҳидони Русия дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ тадбирҳеро дар пеш гирифта, ки тақвияти пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷумлаи ин тадбирҳо аст.

Вазорати умури хориҷаи Русия низ пеш аз ин эълом карда буд, манотиқи шимоли Афғонистон ба паноҳгоҳе барои аносири мусаллаҳи ДИИШ табдил шудааст. Дар ҳамин росто, неруҳои Русия моҳи гузашта дар чорчуби мубориза бо терроризм размоишҳои низомии муштаракеро бо неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор карданд.

 

Барчасп