Май 04, 2018 19:29 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси ҷумҳурии Узбакистон аз Алишер Усмонов барои кумак ба Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфт, расман аз сармоядори маъруф Алишер Усмонов дархост мекунем барои зодгоҳи худ, ба вижа дар ҷиҳати рушди бахши туризм кумак кунад.

Ба гузориши расонаҳои Узбакистон, Мирзиёев ин матлабро дар ҷараёни дидор бо мардуми вилояти Намангон, ки маҳали таваллуди сармоядори маъруфи муқими Русия Алишер Усмонов аст, баён кард.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфт, ҳар гоҳ сухан аз Узбакистон ва ба вижа Намангон ба миён ояд, барқ дар чашмони Усмонов медурахшад.

Алишер Усмонов дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба дунё омада ва бар асоси омори маҷаллаи Форбс аз миёни 200 сармоядори бузурги Русия дар радаи 3 қарор дорад.

Дороии вай дар соли 2016, ҳудуди 12,5 миллиард доллар баровард шудааст.

Ин сармоядор ба иттиҳоми наздикӣ бо Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар листи таҳримии Амрико қарор дорад.