Назарбоев: Таҳдиди терроризм ба Қазоқистон ба воқеият табдил шудааст
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти муштарак бо намояндагони парлумони ин кишвар гуфт, таҳдиди терроризм ба Остона ба воқеият табдил шудааст.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Нурсултон Назарбоев бо ишора ба ин нукта, ки ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон аз хатари ҳамалоти террористӣ эмин нест, афзуд, Қазоқистон бо хатари воқеии терроризму ифротгароӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Нурсултон Назарбоев муҳимтарин мавзӯъро барои Қазоқистон ҳифзи амнияту субот дар ин кишвар унвон карда гуфт, бар асари ҳамалоти террористии моҳҳои ахир дар Оқтеппа ва Алмаато теъдоде аз афсарони Горди миллӣ, кормандони пулис ва мардуми бегуноҳ кушта шуданд. Раисҷумҳури Қазоқистон афзуд, "мо бояд ба таври қотеъ бо густариши ифротгароӣ ва ҳамалоти террористӣ мубориза кунем ва дар ин замина 7 қонуни ҷадид ба парлумон пешниҳод кардаем".