Паёми табрикии Ислом Каримов ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбакистон
Паёми табрикии Ислом Каримов ба мардуми кишвараш ба муносибати ҷашни Истиқлоли ин кишвар дар телевизиони Узбакистон қироат шуд.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", шаби гузашта дар барномаи «Ахборот»-и Шабакаи телевизиони давлатии Узбакистон паёми Ислом Каримов, раисҷумҳури ин кишвар, ки аз авоили ин ҳафта дар бемористон бистарӣ шудааст, барои табрики Рӯзи истиқлоли Узбакистон қироат шуд. Дар ин барнома фақат паёми Каримов қироат шуд, дигаре ҳеҷ гуна иттилооте дар мавриди вазъи саломатии ӯ ироа нагашт.
Ин иқдом дар ҳолест, ки ҳар лаҳза ахбори зидду нақизе дар мавриди вазъи саломатии раисҷумҳури Узбакистон мунташир мешавад. Бархе расонаҳои русзабон, аз ҷумла торнамоҳои «Фарғона» ва «Регнум» ду рӯз пеш аз даргузашти Каримов хабар дода буданд, аммо мақомоти ӯзбак ин гуна ахборро рад кардаанд.
Ислом Каримови 78-сола аз авоили ин ҳафта бар асари хунрезии мағзӣ дар бемористон бистарӣ аст.