Сентябр 01, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи пизишкони рус - маъмури дармони раисҷумҳури Узбакистон

Як гурӯҳи пизишкони рус, муташаккил аз барҷастатарин мутахассисони ин кишвар барои дармони раисҷумҳури Узбакистон ба Тошканд эъзом шуд.

Ба гузориши ИРНА, ТВ "Центр"-и Русия иттилоъ додааст, аъзои гурӯҳи пизишкони Институти ҷарроҳии аъсоби Бурденкои Маскав, ки аз беҳтарин марокизи пизишкии Русия аст, рӯзи гузашта озими Узбакистон шудаанд. Пеш аз ин низ эълом шуда буд, ки Лео Бокерия, пизишки саршинос ва ҷарроҳи қалби Русия дар нахустин рӯзи бистарӣ шудани Ислом Каримов барои мушорикат дар марҳалаҳои дармонии ӯ ба Узбакистон рафтааст.

Ислом Каримов, ки собиқаи 26 соли ҳукумат бар Узбакистонро дорад, чаҳор рӯз пеш, дар синни 78-солагӣ ба далели хунрезӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Пас аз гузашти як рӯз аз ин ҳодиса бархе расонаҳо хабари марги Ислом Каримовро мунташир карданд, ки дар гузоришҳои расмӣ такзиб шудааст, вале ҳанӯз низ гузориши расмӣ дар бораи вазъи саломатии ӯ интишор нашудааст.

 

Барчасп