Май 16, 2018 13:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ҳалли мусолиматомези ихтилофот

Намояндагони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мутааҳҳид шуданд, аз ин пас ҳар гуна мушкил ва мсолаеро аз бо машварат ва гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, ҳайати тоҷик ба сарпарастии Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Исфара ва ҳайати қирғизӣ ба сарпарастии Кенеш Салихов, раиси ноҳияи Ботканд бо ҳам дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Намояндагони ду кишвар тайи ин нишаст тасреҳ карданд, бо талоши Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбай Жээнбеков, раисони ҷумҳури ду кишвар ҳамсоя, равобит ба сатҳи навине иртиқо ёфтааст.

Намояндагони ду кишвар ҳамчунин омодагии худро барои иттихози роҳкорҳои зарурӣ дар таъмини оби ошомидании мавриди ниёзи сокинон манотиқи марзӣ ва низ оби мавриди ниёзи кишоварзӣ, эълом карданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки солҳо аст бар сари манобеи об ва чарогоҳ бо ҳам ихтилоф доранд.

Бурузи муноқишаҳо бар асари ин ихтилофот дар мавориде, мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони ду кишвар шудааст.