Май 22, 2018 15:00 Asia/Dushanbe
  • Гузоришҳо аз ҷавлони қочоқчиён дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сомонаи русии “Осиёи Миёна” навишт, марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавлонгоҳи қочоқчиён мубаддал шудааст.

Ин сомонаи хабарӣ бо дарҷи матлабе авзои хати марзии Тоҷикистону Қирғизистон, бавижа дар вилояти Суғд ва Боткандро аз назари мизони қочоқ нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Ба навиштаи ин манбаъ, умдатарин маводи қочоқ фаровардаҳои нафтӣ, бавижа бензин аст, ки аз тариқи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таври ғайриқонунӣ содир мешавад.

Гуфта мешавад, ба далели фосилаи дубаробарии қимати маводи сӯхт дар Қирғизистону Тоҷикистон сокинони ҳарду тарафи марз дар кори қочоқ даст доранд.

Марзи миёни ин ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ аз даврони шӯравӣ ба ин сӯ ҳамвора хабарсоз аст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километри марзи муштарак доранд, ки ҳудудан 500 километри он аломатгузорӣ нашудааст.