Фирори сиёсатмадори қирғиз аз тариқи Тоҷикистон
(last modified Fri, 01 Jun 2018 13:08:42 GMT )
Июн 01, 2018 18:08 Asia/Dushanbe
  • Фирори сиёсатмадори қирғиз аз тариқи Тоҷикистон

Аскарбек Шодиев намояндаи маҷлис ва сиёсатмадори шинохташудаи қирғиз бо убури махфиёна аз марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, аз кишвараш фирор кардааст.

Ба гузориши сомонаи интернетии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, имрӯз хабари фирори ин чеҳраи сиёсии қирғизро аз масири Тоҷикистон, мунташир ва тасреҳ карда, Аскарбек Шодиев ба аз худ кардани 30 ҳазор доллар муттаҳам шудааст.

Ин манбаъ мефзояд: Шодиев шаби 27 май аз масири рӯдхонае дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, вориди ин кишвар шуда ва сипас аз фурудгоҳи Хуҷанд маркази вилояти Суғди Тоҷикистон, ба Маскав ва дар идома ба Нию-Йорк парвоз кардааст.

Аскарбек Шодиеви 49-сола ва намояндаи се давраи маҷлис буда ва муддате ҳам ба унвони вазири саноат ва устондори Ботканд, устони ҳаммарз бо Тоҷикистон, фаъолият доштааст.

Ин нахустин боре нест, ки масъулон ва мансабдорони қирғиз аз масири Тоҷикистон фирор мекунанд.

Пеш аз ин ҳам дар соли 2010 ва дар пайи инқилоби дувуми махмалии Қирғизистон, мақомоти қирғиз аз фирори наздикони Қурбонбек Боқиев раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишвар аз масири Тоҷикистон хабар дода буданд.