Ташкили парванда барои 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон
Дар Қазоқистон алайҳи 9 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири иқомати ғайриқонунӣ парвандаи додгоҳӣ ташкил шудааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати вазорати дохилаи Қазоқистон, ин афрод ва 13 шаҳрванди Узбакистон, муттаҳам ба иқомати ғайриқонунӣ дар шаҳри Алмаато, пойтахти пешини Қазоқистон ҳастанд.
Пеш аз ин додгоҳҳои Қазоқистон ҳукми хуруҷи довталабонаи ин 22 нафарро ба далели иқомати ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар, содир карда буданд, аммо онон аз иҷрои ҳукм сарпечӣ карда ва ҳамчунон дар хоки ин кишвар ба сар мебурданд.
Дар як амалиёти мубориза бо иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Қазоқистон, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дигарбора шиносоӣ ва боздошт шуданд ва акнун ҳукм ва муҷозоте ба маротиб шадидтар дар интизори онҳо аст.
Қазоқистон баъд аз Русия, дувумин кишвари мавриди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани шуғл ва касби даромад аст.