Июн 06, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Решаёбии даргириҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Русия муътақид аст, ки решаи тамомии ихтилофот ва даргириҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, аломатгузорӣ нашудани марзҳои муштараки ин ду кишвар аст.

Ба нақл аз Спутник, Аджар Куртов бо ишора ба даргирии ахири марзбонони тоҷик ва қирғиз дар марзи муштараки ду кишвар гуфтааст, ки дар замони Шӯравӣ ҳеҷ марзи расмӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд надошт ва мардум намедонистанд, посгоҳи марзӣ, сими хордор ва таҷҳизоти ҳушдордиҳанда чист.

Аммо бо истиқлоли ин кишварҳо ихтилофи назар бар сари ҳаққи моликият бар манотиқи муштараки марзӣ буруз кард, ки акнун дар шакли даргириҳо барои истифода аз манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ зоҳир мешавад.