30 рӯз барои сабти номи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i35314-30_рӯз_барои_сабти_номи_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_дар_Қазоқистон
Ҳукумати Қазоқистон муддати сабти номи коргарони муҳоҷир ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро аз 3 рӯз ба 30 рӯз тамдид кард, ки навъе сабукӣ барои ин афрод ба ҳисоб меояд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 09, 2018 08:53 Asia/Dushanbe
  • 30 рӯз барои сабти номи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон

Ҳукумати Қазоқистон муддати сабти номи коргарони муҳоҷир ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро аз 3 рӯз ба 30 рӯз тамдид кард, ки навъе сабукӣ барои ин афрод ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, дар қаламрави Қазоқистон беш аз 200 ҳазор нафар коргари муҳоҷири тоҷик фаъолият мекунанд, ки барои сабти номи онон акнун фурсати муносиб фароҳам шудааст.

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси умури иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бо истиқбол аз тасвиби ин созишнома мегӯяд, Қазоқистон пас аз Русия дувумин кишваре аст, ки теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикро пазируфта ва шароити нисбатан хуби ҳуқуқӣ барои онон фароҳам кардааст.

Ба далели афзоиши ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон, акнун парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Алмаато ҳамарӯза барқарор аст. Ин дар ҳолест, ки 3 сол қабл танҳо 2 парвоз дар ҳафта буд.

Вай таъкид мекунад, ки Қазоқистон низ ҳамонанди Русия бо буҳрони коҳиши ҷамъият рӯбарӯст, аммо тафовут миёни ин ду кишвар ин аст, ки мақомоти Қазоқистон талош мекунанд барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон шароити матлуби кору зиндагӣ фароҳам созанд, дар ҳоле, ки дар Русия ин тавр нест ва шаҳрвандони хориҷӣ аз бархурди хашини полиси ин кишвар шикоятманд ҳастанд.

Бар асоси ин созишнома, акнун шаҳрвандони Қазоқистон низ метавонанд дар муддати 30 рӯз барои сабти номи худ дар Тоҷикистон иқдом кунанд.