Зарурати эҷоди муассисаи масоили обии Осиёи Марказӣ дар СММ
Раисиҷумҳурии Туркманистон пешниҳоди таъсиси муассисаи вижаи масоили обии Осиёи Марказӣ дар Созмони Милали Муттаҳидро ироа дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018- 2028” дар Душанбе афзуд, дар ин муассиса бояд ба мушкилоти ҳифозат аз баҳри “Арал” ҷойгоҳ муҳиме дод.
Ӯ бо ишора ба ин ки баҳри “Арал” як мавзӯи печида аст, хотирнишон кард, таҳияи барномаҳои ҷадиди марбут ба ин баҳр ва ҳифозат аз муҳити зисти минтақа лозим аст.
Бердимуҳаммадов барои ҳалли масоили обии Осиёи Марказӣ, анҷоми иқдомоти асосиро зарурӣ донист ва гуфт, риояти ҳуқуқи байналмилалӣ, таваҷҷуҳ ба манофеи ҳар кишвар дар минтақа ва мушорикати ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал дар ин иқдомоти семарҳилаӣ аст, ки бояд ба тартиб анҷом дод.
Раисҷумҳурии Туркманистон таъкид кард, дар ин росто таҷрибаи ниҳодҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ муассир хоҳад буд.