Июн 21, 2018 16:26 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи парлумони Қирғизистон: Маҳсулоти амрикоиро таҳрим кунем

Намояндаи парлумони Қирғизистон пешниҳод кард, кишвараш маҳсулоти амрикоиро таҳрим кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Исҳоқ Масалиев дар нишасти рӯзи панҷшанбе парлумони Қирғизистон гуфт, Бишкек барои ҳимоят аз шарикони муҳимми худ дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳодияи иқтисодии Евразия бавижа Чин ва Русия дар муқобили таҳримҳои Амрико, бояд маҳсулоти амрикоиро таҳрим кунад.

Намояндаи парлумони Қирғизистон афзуд, агар дар иқтисоди Чин ва Русия мушкилоти ҷиддӣ пеш биёяд дар Қирғизистон ҳам масоили молӣ ва иҷтимоӣ шиддат хоҳад ёфт, бино бар ин давлат бояд мавзеи худро дар қиболи зиёдаравиҳои Амрико эълом кунад.

Масалиев таъкид кард, имрӯза Амрико ба танҳоӣ дар ҳоли таъйини қавонини тиҷорати ҷаҳонӣ аст ва дигар кишварҳо набояд дар баробари чунин мавзӯе сукут кунанд.