Июн 25, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
  • Навасоноти қимати бензин дар Осиёи Марказӣ

Бо таваҷҷуҳ ба таварруми мавҷуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бензин дар ин кишварҳо бо қиматҳои мухталиф арза мегардад.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми Тоҷикистон як литр бензинро нисбат ба шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар мехаранд ва арзонтарин бензин дар Туркманистон ба фурӯш мерасад.  

Ҳамакнун як литр бензин дар Узбакистон 52 сент, дар Тоҷикистон 98 сент, дар Қирғизистон 65 сент, дар Қазоқистон 56 сент ва дар Туркманистон 43 сент мебошад.