Тошканд, арзонтарин шаҳри ҷаҳон барои муҳоҷирон
(last modified Tue, 26 Jun 2018 15:01:25 GMT )
Июн 26, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Тошканд, арзонтарин шаҳри ҷаҳон барои муҳоҷирон

Бар асоси ҷадидтарин таҳқиқот, шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, арзонтарин шаҳр барои муҳоҷирон аст.

Бар асоси таҳқиқоти имсоли ширкати Амрикоии “Мерсер”, бузургтарин ширкати мушовираи манобеи инсонӣ, ки сешанбе интишор ёфт, шаҳри Гонконг ҳам гаронтарин шаҳри ҷаҳон барои муҳоҷирон муаррифӣ шуд.  

Гонконг соли гузашта унвони гаронтарин шаҳри ҷаҳон барои муҳоҷиронро ба шаҳри Луанда, пойтахти Ангола дода буд, имсол дубора ин унвонро аз они худ кард.

Тошканд пас аз Тунис ва Бишкек (пойтахти Қирғизистон) дар радифи 209 ва охири ин радабандӣ қарор дорад.

Ду шаҳри осиёии дигар яъне Сингапур ва Сеул ҳам ҷузъи панҷ кишвари аввали ин радабандӣ ҳастанд.

Дар ин таҳқиқ, беш аз 200 калоншаҳр бар асоси даҳҳо шохис ҳамчун ҳазинаи ҳамлу нақл, хурду хурок, пушок, тафреҳ, лавозими хонагӣ ва маскан бо ҳам муқоиса шудаанд.