Номгузории навзоди қазоқистонӣ бо номи раис ҷумҳур
Волидайни як навзод дар вилояти Қизил-Ӯрдаи Қазоқистон фарзанди дуввуми худро ба хотири иродат ба Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури кишварашон Нурпрезидент ном гузоштанд.
Ба нақл аз Ахбор, ин кудак рӯзи 29 моҳи наврӯз (моҳи март дар тақвими қазоқӣ) ба дунё омада ва рӯзи баъд яъне 30 март соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шуда, ки дар он номаш Нурпрезидент қайд шудааст.
Тасвире аз саҳифаи шаҳодатномаи ин кудак ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфтааст ва масъулони ҳамон шуъбаи идоари сабти ҳолатҳои шаҳрвандии Қизил-Ӯрда , ки шаҳодатномаи навзод аз он гирифта шуда ин мавзӯъро таъид кардааст.
Номгузории фарзандон ба номи раисони ҷумҳур дар кишварҳои Осиёи марказӣ як амри бисёр роиҷ аст; вале ба гуфтаи масъулони ин шуъба ин ном бори аввал аст, ки барои як навзод сабт мешавад.
Дар Тоҷикистон ва Қазоқистон низ ҳазорон нафар номи Эмомалӣ ва Нурсултон доранд.
Ҳамчунин ахиран дар вилояти Бухорои Узбакистон дар як хонавода ду навзод аз сегоникҳояшонро ба хотири иродат ба Шавкат Мирамоновиҷ Мирзиёев раиси ҷумҳури кишварашон, Мирамон ва Мирзиё номгузорӣ карданд.
Дар Тоҷикистон низ як марди афғон, ки ҳамсарашро барои таваллуди фарзандаш тариқи чархбол ба ноҳияи Шамсуддин Шоҳини Тоҷикистон оварда буд баъд аз таваллуди фарзандаш ӯро ба нишонаи эҳтиром ва сипос аз Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ ном гузошт.