Июл 13, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро ба обҳои озод мерасонад?

Сомонаи русзабони Суғд-Нюс дар мақолае таҳлилӣ овардааст, ки тарҳи ҷадиди Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон метавонад мунҷар ба роҳёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба обҳои озод шавад.

Дар ин мақола тасреҳ шудааст, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ахиран дар иҷлоси Иттиҳодияи иқтисодии Евразия дар Сочии Русия, тарҳи роҳандозии канали обӣ миёни ду дарёи Хазар ва Сиёҳро матраҳ кард.

Дар ин сурат бо амалиётӣ шудани тарҳи Нурсултон Назарбоев се кишвари Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки дар хушкӣ қарор гирифта ва ба обҳои озод дастрасӣ надоранд, метавонанд мушкили ёдшударо барои ҳамеша ҳал кунанд.

Дар ҳамин ҳол Сергей Марков таҳлилгари рус гуфтааст, ин тарҳ, ки аз тариқи хоки Русия иҷроӣ мешавад, ҳатман бо мухолифати бархе қудратҳо, ба вижа Амрико мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ниёзаш барои расидан ба обҳои озодро аз тариқи Покистон ва Эрон бароварда мекунад.