Узбакистони 2030 дар байни 50 кишвари навовари ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i36696-Узбакистони_2030_дар_байни_50_кишвари_навовари_ҷаҳон
Узбакистон барномарезӣ карда, то 2030 дар рутбабандии шохиси ҷаҳонии навоварӣ (gii) дар байн 50 кишвари бартари ҷаҳон қарор гирад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 17, 2018 13:42 Asia/Dushanbe
  • Узбакистони 2030 дар байни 50 кишвари навовари ҷаҳон

Узбакистон барномарезӣ карда, то 2030 дар рутбабандии шохиси ҷаҳонии навоварӣ (gii) дар байн 50 кишвари бартари ҷаҳон қарор гирад.

Ин тарҳ дар пойгоҳи системи арзёбии асноди қонунгузорӣ барои баррасии умум мунташир шудааст.

Ин санадро вазорати тавсеаи навоварии Узбакистон тадвин карда ва барномарезӣ шуда аз аввали август иҷро шавад.

Стратегияи ёдшуда афзоиши ҳазинаҳои давлатӣ барои корҳои илмӣ ва пажуҳиширо то як дарсад даромади нохолси миллӣ дар назар дорад.