Июл 19, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи Имом Ризо дар Марви Туркманистон

Ҷашнвораи милоди Имом Ризо (а), набераи поки Паёмбари гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) дар шаҳри Марви Туркманистон баргузор шуд.

Ба гузориш ИРНА, Муҳаммадҷавод Абулқосимӣ, ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Туркманистон дар ин оин, ки мақомот, шахсиятҳои сиёсӣ, парлумонӣ, дипломатии Эрону Туркманистон ва беш аз ҳазор нафар аз шефтагони аҳли байти исмат ва таҳорат ҳузур доштанд, гуфт, Имом Ризо хуршеде аст, ки барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум фиристода шуд. Абулқосимӣ афзуд, таваҷҷуҳи Имом Ризо ба Марв сабаб шудааст, то мардуми ин сарзамин низ ба ин имоми бузургвор иродати хосе дошта бошанд.

Марви Қадим, ки дар даҳаи охири соли 200 (ҳиҷрӣ) пойтахти ҳукумати исломӣ буд, дар маҳалле маъруф ба Кохи Маъмунаррашид қарор дорад ва ҳазрати Ризо дар муддати ду соле, ки дар Марв иқомат доштанд, қисматҳои муҷаллали Кохи Маъмунро барои сукунати интихоб накарданд, балки дар гӯшае аз ҳавлии кох, дар манзили маъмулие зиндагӣ мекарданд. Бино ба таҳқиқи таърихнависон ва ҷуғрофиядонон, ба рағми тахриб шудани он кохи муҷаллал осоре аз хонаи он ҳазрат боқӣ монда, ки дар миёни мардуми Туркманистон ба «қадамгоҳи ҳазрати Имом Ризо» маъруф аст.

 Имом Ризо дар 11-уми зилқаъдаи соли 148-и ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина мутаваллид шуданд. 25-уми июл солгарди милоди ин имоми бузургвор аст.