Июл 20, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • 153 миллион доллар - қимати барқи содиродиротии Узбакистон ба Афғонистон

 Муовин раиси ширкати «Узбекэнерго» гуфт: Давлати Узбакистон дар соли ҷорӣ ба Афғонистон дар ҳаҷми 153 миллион доллар барқ содир мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шӯҳрат Шералиев муовини раиси ширкати «Узбекэнерго» дар нишасти баррасии пешниҳодҳои сармоягузории сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллӣ изҳор дошт: Дар моҳи декабри соли 2017 Узбакистон ва Афғонистон барои содироти ду миллиард киловатт-соат барқ ба Афғонистон дар соли ҷорӣ ба арзиши 153 миллион доллар як қарордод имзо карданд.

Вай афзуд: Узбакистон барои таъмини ниёзҳои Афғонистон барои барқ, корҳои сохти хатти ҷадиди интиқоли барқи 500-киловаттии «Сархон-Пули Хумрӣ» ба тӯли тақрибан 250 километрро ба арзиши 150 миллион доллар оғоз кард.

Ба гуфтаи вай, хатти ҷадиди интиқоли барқ имкони афзоиши содироти барқи Узбакистон ба Афғонистонро то 8 миллиард киловатт-соат дар сол фароҳам хоҳад кард.

Шералиев идома дод: Узбакистон барномарезӣ кардааст, дар ояндаи наздик Афғонистонро ба ҳалқаи воҳиди Осиёи Марказӣ муттасил кунад, ки ин мавзӯъ аз тариқи сохти хатти ҷадид интиқоли барқи «Сархон-Пули Хумрӣ» анҷом мешавад.

Зарфияти ин хатти интиқоли барқ як ҳазор мегаватт, яъне рӯзона 24 миллион киловатт-соат барқ ва дар сол то 6 миллиард киловатт-соат барқ мебошад.