Июл 21, 2018 15:38 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳид шудани кишварҳои мустақили Ҳамсуд барои мубориза бо терроризм

Иҷлоси вазирони кишвари кишварҳои мустақили Ҳамсуд дар Баку баргузор шуд ва ин кишварҳо барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ муттаҳид шуданд.  

Дар ин иҷлос вазирони кишвари ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Русия ҳузур доштанд.  

Масъулони ниҳодҳои мубориза бо ҷаримаҳои созмонёфта, раисони полиси байналмилали кишварҳои минтақа ва масъули дафтари минтақаии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Созмони милал дар Осиёи Марказӣ низ аз дигар ширкаткунандагон дар нишасти Баку буданд.  

Дар ин иҷлос ҳамкории вазоратхонаҳои кишвари давлатҳои узви ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, раванди иҷрои барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷурм, вазъияти мубодилаи иттилоот дар бораи аъзои гурӯҳҳои террористӣ, иқдомоти ҳамоҳанг барои мубориза бо ҷароими сайберӣ дар кишварҳои узв ва баргузории конфронсҳои илмӣ дар ин замина баррасӣ шуд.