Июл 24, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони додситонҳои кулли Ҳамсуд

Бисту ҳаштумин Нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд тирамоҳи имсол ба мизбонии Душанбеи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба нақл аз Форс, дар ин нишаст додситонҳои кулли кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд ва раёсати онро Юрий Чайка, додситони кулли Русия бар уҳда хоҳад дошт.

Интизор меравад, ки додситонҳои кулли кишварҳоии мустақили муштаракулманофеъ дар ин нишаст масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо, табодули иттилоот, таҷрубаи корӣ ва омодасозии нерӯҳои инсониро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.  

Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ё Ҳамсуд пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ шакл гирифт.

Баёнияи таъсиси ин иттиҳодияро 21 декабри 1991 раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина дар Алмаатои Қазоқистон имзо карданд ва декабри 1993 низ Гурҷистон ба ин иттиҳодия пайваст.