Узбакистони пас аз Каримов дар маркази таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i3697-Узбакистони_пас_аз_Каримов_дар_маркази_таваҷҷуҳи_қудратҳои_ҷаҳонӣ_қарор_гирифтааст
Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳоле ки аввалин рӯзҳои пас аз султаи бисту панҷсолаи Ислом Каримов, рисҷумҳури пешинашро пушти сар мегузорад, мавриди таваҷҷуҳи вижаи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 06, 2016 20:20 Asia/Dushanbe

Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳоле ки аввалин рӯзҳои пас аз султаи бисту панҷсолаи Ислом Каримов, рисҷумҳури пешинашро пушти сар мегузорад, мавриди таваҷҷуҳи вижаи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Имрӯз Узбакистон мизбони раисҷумҳури Русия ва муовини вазири умури хориҷии Амрико буд ва коршиносону таҳлилгарони тоҷик ин сафарҳоро дар ҳамин росто қобили арзёбӣ медонанд. Аммо дар ин миён саволи аслӣ ин аст, ки сиёсатҳои дохилию минтақаии Узбакистони бидуни Каримов чӣ гуна хоҳад буд? Посухи ин пурсиш ва баррасии далоили таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳониро ба Узбакистони пас аз Каримов дар гузориши вижаи ҳамкормон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе мешунавед: