Мушорикати Қазоқистон дар сохти мушаки фазоии фавқусангини Русия
Август 01, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
Кумитаи мутолеоти фазоии Вазорати дифои Қазоқистон аз барномаи муштарак бо Русия дар тарроҳӣ ва тавсеаи як мушаки фавқусангини русӣ хабар дод.
Бар асоси тавофуқи байнидавлатии Маскав ва Остона барои тавсеаи ҳамкорӣ, барномаҳои муштараке дар заминаи сохти мушакҳои фазоӣ роҳандозӣ мешавад.
Қарор аст, коршиносони қазоқ ва рус дар барномаҳои сохти мушакҳои фазоии сабук ва сангин барои партоби моҳвораҳои кӯчак ҳамкорӣ кунанд.