Соҳибмансаби қудратманди дирӯзи Узбакистон куҷост?
Август 07, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
Раиси пешини хадамоти амнияти Узбакистон аз назарҳо нопадид шуда ва сарнавишти номаълуме пайдо кардааст.
Сомонаи Фарғона навиштааст, Рустам Иноятов, соҳибмансаби мустабид ва қудратманди давраи Ислом Каримов, дигар ҷое дар саҳнаи сиёсӣ-амниятии Узбакистон надорад ва аз вазъияти феълии ӯ иттилое дар даст нест.
Вай соли гузашта пас аз 22 сол раҳбарии хадамоти амнияти Узбакистон бо фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз мақомаш барканор ва ба унвони мушовири аршади раисҷумҳурӣ ва узви Маҷлиси сенат мансуб шуд, аммо акнун номи ӯ аз феҳристи ин ниҳодҳо ҳазф шудааст.
Фарғона менависад: Ҳануз мушаххас нест, вай комилан аз доираи ҳукумат канор гузошта шуда ё хайр аммо мусаллам аст, ки офтоби қудрат ва султаи ӯ ғуруб кардааст.