Август 11, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
  • Сигналҳои бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ

Ҳодисаи террористӣ, ки дар Тоҷикистон рух дод, сигнали нигаронкунандае на танҳо барои Душанбе балки барои кишварҳои минтақа аст.

Маркази мутолеоти стратегии Русия дар матлаби таҳлилӣ бо ишора ба ҳамлаи террористии ахир дар Тоҷикистон аз лузуми таваҷҷуҳи бештар ба ҷавонони кишварҳои минтақа хабар дод.  

Дар матлаб омадааст: Ҳодисае, ки дар Тоҷикистон рух дод, сигнали нигаронкунандае на танҳо барои Душанбе балки барои кишварҳои минтақа аст.

Иддаои давлати Тоҷикистон дар бораи анҷоми ҳамлаи террористӣ ба дасти ҳизби наҳзати исломӣ ботил шуд.

ДИИШ масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифт.

Бояд ба синни омилони ҳамлаи террористӣ таваҷҷуҳи бештаре шавад. Ба таври миёнгин, онҳо 19-20 сол доранд.  

Мумкин аст, авомиле монанди адами огоҳии лозим дар риштаҳои динӣ ва адами иттилоот дар бораи аҳдофи сулҳомези ислом низ нақш дошта бошад.

Ин мавзуъ барои мубаллиғони созмонҳои мухарриб шароити матлубро фароҳам мекунад.  

Далоили зиёде вуҷуд дорад, ки ДИИШ ҳомии аслии ҳодиса будааст.

Ин ҳамлаи террористӣ аз рушди таҳдидоти террористӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносони минтақа, август дар масирҳои кӯҳистонӣ қочоқчиҳо фаъол мешаванд ва террористҳо имкони вуруд ба дигар кишварҳои минтақаро доранд.