Август 15, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
  • Такзиби ифтитоҳи дафтари Толибон дар Ӯзбакистон

Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон хабари ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон дар Тошкандро такзиб кард.

Як манбаъ дар Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон ба хабаргузории РИА Новостии Русия гуфтааст, ин мавзуъ баррасӣ нашуда ва ифтитоҳи ҳеҷ гуна дафтаре мадди назар нест.

Пеш аз ин хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз намояндаи Толибон хабари ифтитоҳи дафтари Толибонро мунташир карда буд.

Ҳафтаи қабл Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон эълом кард, намояндагони Толибон тайи рӯзҳои ҳафтум то даҳуми август дар шаҳри Тошканд музокиротеро анҷом доданд, ки дар он дурнамои раванди сулҳ дар Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 Дар моҳи июн мақомоти Ӯзбакистон аз барқарории иртибот бо гурӯҳи Толибон бо ҳадафи кумак ба пешбурди музокироти мустақими сулҳ бо давлати Афғонистон хабар доданд.