Поёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбакистон ва имзои даҳҳо қарордоди тиҷорӣ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Ӯзбакистон ва дидор бо ҳамтои ӯзбаки худ, 27 санад ва қарордоди бозаргониро имзо кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар раъси ҳайате сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Ӯзбакистон сафар карда буд, бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дидор ва дар бораи чашмандози тақвияти равобит дар заминаи беҳбуди фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ ва муҳофизат аз хати марзии ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин дидор ҳамчунин таҳаввулоти Афғонистон, тақвияти роҳҳои мубориза бо созмонҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии силоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар нигоҳи расонаҳои маҳаллӣ, аҳамияти ин сафар ба ҳадде зиёде будааст, ки хадамоти хабарии раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон онро сафари таърихӣ хондааст. Гуфтанӣ аст, ки сафари Раҳмон ба Тошканд аввалин сафари як раҳбари Тоҷикистон ба Ӯзбакистон аз соли 1998 аст ва ба қудрат расидани Мирзиёев нақши калидӣ дар кушоиши дарҳои Тоҷикистон ба рӯйи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ доштааст.
Фиона Ҳилл, коршиноси Осиёи Марказӣ дар муассисаи “Брокингс” бо таъкид бар беҳбуди равобити ду кишвар дар соли гузашта менависад: “Равобит миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ва ҳамчунин дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз ҳар чиз таҳти таъсири шахсият ва рафтори раҳбарони ин кишварҳо қарор дорад. Ҳамчунон, ки ҳузури Ислом Каримов барои беш аз ду даҳа дар қудрат, монеи ин шуд, ки Ӯзбакистон битавонад равобити муносибе бо кишварҳои ҳамсояи худ дошта бошад”.
Ба назар мерасад, ин сафар дар канори аҳамияти сиёсии худ аз аҳамияти бисёр болои иқтисодӣ низ бархурдор аст. Дар тӯли ин сафар ду кишвар бо якдигар тавофуқ карданд, ки ба сурати муштарак нисбат ба сохти ду нерӯгоҳи обӣ иқдом кунанд. Ин ду нерӯгоҳ, ки бар рӯйи рӯдхонаи Зарафшон сохта хоҳанд шуд, аз зарфияти тавлиди 320 мегаватт барқ бархурдор аст.
Қобили зикр аст, ки ду кишвар тавонистаанд дар соли гузашта ҳаҷми тиҷорати муштараки худро 20 дарсад афзоиш дода ва онро ба 240 миллион доллар бирасонанд. Ҳамчунин онҳо тавофуқ кардаанд, ки то соли 2020 битавонанд аз тиҷорати муштараки 500 миллиондолларӣ баҳраманд шаванд.
Ҳамчунин ду кишвар қарордодеро таҳти унвони тавофуқномаи ҳамкории муштарак бо якдигар имзо кардаанд. Ҳадаф аз ин тавофуқ баҳрамандӣ аз равобити пойдори баландмуддат миёни ду кишвар аст. Ин тавофуқ метавонад бо таваҷҷуҳ ба нақши мусбати раҳбарони ду кишвар, саҳм иумдае дар беҳбуди бештари равобити ин ду кишвар ифо кунад ва метавон онро мадюни нигоҳи Мирзиёев ва Раҳмон ба даврае ҷадид дар равобити ду кишвар донист.