Август 24, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Имзои санади ҳамкорӣ байни ниҳодҳои ҳуқуқии кишварҳои узви Шангхай

Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои додгустарии кишварҳои узви Созмони Шангхай дар Қирғизистон ба имзо расид.

Ба гузориши Форс, дар нишасти вазирони додгустарии кишварҳои узв ва нозири Созмони Шангхай дар шаҳри Чолпон Отаи Қирғизистон, санади ҳамкории ниҳодҳои ҳуқуқии созгор бо барномаи тавсеаи стратегии созмони Шангхай ба имзо расид.

Дар ин ҷаласа, муовини дабири кулли Созмони Шангхай, вазирони додгустарии Ҳинд, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, муовини вазири додгустарии Чин ва сафири Покистон дар Қазоқистон ширкат доштанд.

Саидалиризо Овоӣ, вазири додгустарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви нозир дар сохтори Созмони Шангхай, дар ин нишаст ҳузур дошт.