Август 28, 2018 19:34 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи Украина аз тамомии сохторҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил

Раиси кумитаи иҷрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз хуруҷи Украина ва ҳазфи намояндагии ин кишвар аз ҳамаи сохторҳои ИДМ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Сергей Лебедев гуфт: Украина аз ҳамаи зермаҷмуаҳои ИДМ хориҷ шуд.

Вай гуфт: Мутаассифона дар моҳи ҷорӣ намояндагиҳои Украина дар ҳамаи дафотири ИДМ ҳазф шуд.

Ба гуфтаи Лебедев, ҳануз иртибот бо Киев вуҷуд дорад ва дафтари ИДМ дар шаҳри Мински Беларус бо давлати Украина дар тамос аст.

Ӯ тасреҳ кард: Ҳамчунон умедвори ҳифзи узвияти Украина дар ИДМ ҳастем.

Давлати Украина аз 2014 ҳамроҳ бо мавозеи зиддирусӣ, борҳо бар қатъи ҳамкорӣ бо ИДМ таъкид ва эълом мекард, дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ ин масъала дар дастури кори Киев қарор мегирад.

Беш аз 70 дарсади будҷаи ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.