Сентябр 01, 2018 09:24 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек

Дар дидори муовини аввали вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо сафири Тоҷикистон дар Бишкек, бар зарурати густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории ин ду кишвари ҳамсоя таъкид шуд.

Ба гузориши “Тоҷик ТА”, Суҳроб Олимзода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек ва Динора Камолова, муовини аввали вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва зарурати суръат бахшидан дар аломатгузории марзи муштараки ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор раванди эъзоми тими Тоҷикистон барои мушорикат дар севумин мусобиқоти ҷаҳонии ашоир (қабоил) дар Қирғизистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин тарафҳо бар зарурати суръат бахшидан дар ниҳоӣ шудани Созишномаи аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид карданд. Зеро бо вуҷуди ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина мешавад. Теъдоде аз рустоҳои тоҷикнишин дар дохили қаламрави Қирғизистон ва рустоҳои қирғизнишин дар хоки Тоҷикистон воқеъ шудаанд, ки акнун миёни сокинони ин манотиқ бар сари истифода аз манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо ихтилофи шадид ба миён омадааст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ, бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон табдил шудааст.