Сентябр 02, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳеҷ донишгоҳе аз Осиёи Марказӣ дар раддабандии бартаринҳои Евразия қарор нагирифт

Ба гузориши сойти Фарғона, ширкати бритониёии “Times Higher Education” натоиҷи баррасии бартарин донишгоҳҳои минтақаи Евразияро мунташир кардааст, ки дар ин раддабандӣ ҳеҷ донишгоҳе аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ мушоҳида намешавад.

Дар ин раддабандӣ шохисҳои муҳимми донишгоҳҳои кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Узбакистон, Афғонистон, Украина, Беларус, Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Муғулистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бар асоси ин раддабандӣ аз миёни 74 донишгоҳ, Русия бо 27, Туркия бо 22 ва Эрон бо 18, донишгоҳи бартар дар раддаҳои аввал то сеюм воқеъ шудаанд. Ҳамчунин донишгоҳҳое аз Украина, Беларус, Гурҷистон дар ин раддабандӣ дар ҷойгоҳҳои баъдӣ, қарор доранд ва аз миёни 5 кишвари Осиёи Марказӣ ҳеҷ донишгоҳе вориди ин ҷойгоҳ нашудааст.

Меъёрҳои гузиниши донишгоҳҳои бартари минтақаи Авруосё сатҳи тадрис, мизони пажӯҳишҳои илмӣ, интишори мақолот дар нашрияҳои мӯътабар аламллӣ, истинод дигармрогзълми ҳҳон ба мақолот ин донишгоҳҳо ва фаъолияти ширкатҳои донишбунён унвон шудааст.