Таъини нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i3802-Таъини_нахуствазири_Узбакистон_ба_унвони_раисиҷумҳури_муваққати_ин_кишвар
Нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар таъин шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 08, 2016 19:30 Asia/Dushanbe
  • Таъини нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар

Нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар таъин шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, парлумони Узбакистон Шавкат Мирзоёев-нахуствазири ин кишварро ба унвони раисиҷумҳури муваққат таъин кардааст.

Ислом Каримов. раисиҷумҳури Узбакистон, ки ба муддати 27 сол бар ин кишвар дар Осиёи Марказӣ ҳукумат карда буд, ҳафтаи гузашта бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Ба мӯҷиби Қонуни асосии Узбакистон, раиси Маҷлиси Сено бояд унвони кафили риёсатҷумҳури Узбакистон муаррифӣ шавад, аммо парлумони ин кишвар дар ҷаласаи имрӯзи худ нахуствазири Узбакистонро ба унвони раисиҷумҳури муваққат эълом кард.

Шавкат Мирзоёев аз афроди наздик ба Ислом Каримов маҳсуб мешавад.