Сентябр 18, 2018 17:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бесобиқаи нархи доллар ва евро дар Узбакистон

Бонки марказии Узбакистон аз афзоиши бесобиқаи доллар ва евро дар ҳафтаи ҷорӣ дар ин кишвар хабар дод.  

Нархи доллар дар ин ҳафта ба 176.83 сум афзоиш дошт, ки рушди бесобиқаеро нишон медиҳад.

Аз имрӯз як доллари Амрико дар Узбакистон баробар бо 8039 сум аст.

Нархи евро дар ин ҳафта 266.16 сум афзоиш дошт, ки ба 9347.75 сум расид.