Сентябр 29, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли раёсати давраии кишварҳои ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон

Дар поёни нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), раёсати ин иттиҳодия аз Тоҷикистон ба Туркманистон мунтақил шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар поёни нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи ҷумъа дар маҳалли “Кохи Сомон” – и шаҳри Душанбе баргузор шуд, раёсати давраии ин иттиҳодия аз Тоҷикистон ба Туркманистон мунтақил шуд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба далели ширкат дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал дар ин иҷлос ҳузур надошт ва Пурли Оқомуродов, муовини нахуствазири ин кишвар ба намояндагӣ аз вай раёсати давраии кишварҳои ИДМ - ро қабул кард.

Дар ҷараёни ин нишаст масоили марбут ба ҳамкории кишварҳои узв дар чорчӯби кишварҳои ИДМ, натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар ин иттиҳодия ва дигар мавзӯоти муҳим, аз ҷумла таъмини амният ва иқдомоти фаврӣ алайҳи таҳдидоти ҷаҳоние монанди терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳалли масоили марбут ба таъмини амният дар бахши ҷанубии кишварҳои ИДМ ва дигар масоили муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба пешниҳоди тарафи туркаман, нишасти ояндаи сарони кишварҳои ИДМ дар таърихи 11 – уми октбри соли 2019 ба мизбонии ин кишвар дар шаҳри Ишқобод баргузор мешавад.

Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил 27 сол қабл бо ҳадафи гирдиҳам овардани 15 кишвари шуравии собиқ таъсис ёфта, ки дар ҳоли ҳозир Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон узви он мебошанд.

 

Барчасп